insurez
02-07-2024 10:38

БА ДУО РАСАД КАСЕ, КИ ДИЛ ЁБАД


ё худ назаре ба фаъолияти шӯъбаи ноҳиявии Бунёди нафақаи берун аз буҷет

Субҳ. Телефони дастии муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” – “Субҳи Гулобод” Тошпӯлод Юсупов садо дод. Аз он тарафи гӯшак овози мулоими сардори шӯъбаи ноҳиявии Бунёди нафақаи берун аз буҷет Бахтиёр Қосимов ба гӯш расид. 
-  Тошпӯлодака, мебинам, ки чанде идораҳои давлатӣ пресс-тур ташкил мекунанду масъулони соҳа журналистонро ба сари кори худ мебаранд. Магар намешавад, ки имрӯз меҳмони мо шуда, аз фаъолияти кормандони мо аз наздик ошноӣ пайдо кунед ва маслиҳатҳои худро дареғ надоред. Боз мехоҳам, ки ба чанде аз рӯзноманигорони фаъол ташаккурнома изҳор кунам. Чунки бо ташвишҳои худ банд шуда, рӯзҳои иди касбиатон дурусттар табрик накарда мондем.
-  Бахтиёрҷон, шумо ин тадбирро кай ба нақша гирифтаед? – пурсид муҳаррир.
-  Хоҳед, худи ҳозир. – бо ҳамон шеваи одамписандӣ ҷавоб гуфт Бахтиёр Қосимов. 
-  Бисёр аъло! Корро аз идораи рӯзнома сар мекунем. Ман чанд нафар эҷодкоронеи фаъолро даъват кардаам. Ҳамон ҷо муборакбодӣ мекунеду сонӣ ба коргоҳи шумо мегузарем.
Дар идораи рӯзномаи “Гулобод тонги” муҳаррир се нафар эҷодкорони фаъол -  мухбири махсуси рӯзномаи ҷумҳуриятии “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода, сарвари нашриёти “Лоиқи Озод” Озод Ҳамидзода, мухбири ҷамоатии рӯзнома Ҳидоят Умурқулова ба қабул пазируфта, ҳамроҳи сардори шӯъбаи ноҳиявии Бунёди нафақаи берун аз буҷет Бахтиёр Қосимов табрик гуфт ва ташаккурномаву тӯҳфаи хотиравӣ супорид.
-  Ман ифтихор мекунам, ки дар соҳае кор мебарам, ки ба кӯмаки иҷтимоӣ ниёз доранд. Масалан, 30 ҳазору 824 нафар аҳолӣ, аз ҷумла, 25 ҳазору 973 нафар пиронсолон, модарони серфарзанд 1096 нафар, ногироён 2796 нафар ва садҳо нафар модарҷавононе, ки нафақаи фарзанд мегиранд, аз як моҳ то моҳи дигар роҳи ходимони банки халқиро, ки пенсия мебарад, бо чашми чор интизор мешаванд. Дуруст аст, ки пул аз хазинаи давлат меравад, лекин бо ягон хатои банк ё масъулони идораи маҳалла ҳамон маблағ нарафта монад, рост ба идораи мо меоянд. Ба ҳаққи кормандони мо, ки халқ “сабесчӣ” мегӯянд, дуоҳо мекунанд. Пас аз ба даст гирифтани ҳуҷҷати нафақахӯрӣ, ки ба ҳама ҳам насиб намекунад,  як ҳисси шодмониро дида, хурсанд мешавам, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи шахсиашон идораи мо ҳиссагузор аст. 
Кормандони идораи мазкур ҷонишини мудири шӯъба Шавкат Сайфиддинов, кормандони масъул Дилфуза Қулизода ва дигаронро дар сари кор бо корафтодагон дида, ба интизомнокии меҳнат дар ин коргоҳ қоил шудем.
Он ҷое, ки пир ҳаст, ҳамаи тадбир зебо мегузарад, - иброз дошт Бахтиёр Қосимов ва афзуд. – устоди мо, раиси шӯрои собиқадорони идораамон, бузургмарди фаъолу ташаббускор Илҳом Ваҳҳобов, ки солҳои зиёд раисии ин идораро бар дӯш доштанд, дуогӯю маслиҳатгар ва чашми виҷдони коргоҳи мо ҳастанд. 
Бахтиёр Қосимов рӯзноманигоронро бо маълумотҳои саҳҳеҳ, пур аз рақамҳои раднопазир шинос кард. Ҳанӯз аз идора мебаромадем, ки ду пири хирад, ҳоҷиёни шукргузор, ки солҳои дароз яке идораи сохтмону дигаре хоҷагии ҷамоатиро сарварӣ намудаанд, фаъолони маҳаллаи Гулбоғ Болтақул Турсунов ва Рӯзимурод Шокиров ба идораи нафақа медаромаданд. Ҳол пурсидем. 
-  Савоби кор он ҷо мешавад, ки ба хизматгорҳои боинсофи давлатӣ ташаккур гӯем. Омада истодаем, ки то ба сардору ходимони идора раҳмати худ ва аҳли пирони маҳалларо расонем, - гуфтанд пиронсолон.
Ба хулосае омадан мумкин аст, ки оне, еи ба нафъи халқ заҳмат мекашад, барабас намеравад. Ба дуо расад, касе, ки дил ёбад...

Дилрабо НАСИМӢ.
Аксбардор Бекзод ҚОДИРОВ.

Teglar
- -