ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, ҚАРЗДОР?
Дар бинои рӯзномаи
"Гулобод тонги " бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи бюрои иҷрои маҷбурӣ, ҳуқуқшинос дараҷаи якум Ғолибҷон Ишанқулов ,масъулони соҳаи мазкур ва вакилони расонаҳои ахбор анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
- Вазифаи мо аз иҷрои қарорҳои суд ва дигар ташкилотҳои ситондани қарзҳои мулкҳои шахсӣ ва номулкӣ иборат аст, - гуфт Ғолибҷон Олимҷонович,- танҳо дар 4 моҳи соли равон аз қарздорон ба миқдори 216 миллиарду 265 миллион сум ситонида шуд. Барои иҷрои қарорҳои дахлдор беш аз 10 нафар ходимони мо машғул гашта, вазифаи худро сарбаландона иҷро кардаанд.
Инчунин ҷаримаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ низ дар муддати муайяншуда ҳаллу фасли худро ёфтаанд. Ба фоидаи бонкҳои давлатӣ 46,5 миллиард сум ирсол карда шуд.
Сад афсӯс, ки баъзе шахсони ваъдабоз кӯшиш мекунанд, ки бо ҳар гуна фиребу найранг ва баҳона қарзҳои худро надиҳанд, аммо қонун ҳаст, ки иҷрои он ҳатмист.
Дар поёни ҳисобот Ғолибҷон Ишонқулов ба пурсишҳои ҳозирон ҷавоб дод.