ДУШМАНИ БЕЗАБОН
Бо мақсади пешгиринамоии сарзании сӯхтор аз ҷониби ходимони шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳияи Самарқанд тадбирҳои профилактикӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла, бо иштироки ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ пресс-тур ташкил гардид.
Иштирокдорон дар корхонаи хусусии “MONDELUX”шуда, бо корҳои пешгирии сӯхтор ва вазъиятҳои фавқулодда шинос шуданд.
- Аз ҷониби шӯъбаи мо 199 корхонаю ташкилоти ба қайд гирифта шудааст, ки дар 159-тоаш корҳои азназаргузаронии нақшавиро ба сомон расонидем, - гуфт Р.Аноров. – Инчунин, барои корхонаву ташкилотҳое, ки шабона кор мекунанд, корҳои профилактикӣ гузаронидем.
Дар даромадгоҳи корхона шиору плакатҳои ходимонро ба ҳушёрӣ даъваткунанда, ёрии аввалин ҳангоми вазъиятҳои фавқулодда, тарзи истифодабарии асбобҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва рақами телефон сабт ёфтааст. Дар даруни сехҳо низ асбобҳои аёниву шиорҳо ҷойгир карда шудааст.
Ходимон бо коргарҳои корхона сӯҳбат ороста, дар бораи тарзи ҳимоя дар вазъиятҳои фавқулоддаро фаҳмонида доданд.
Барои иштирокдорон баромади сӯхторнишонон намоиш дода шуд.
- Оташ душмани безабон аст, - гуфт навбатчии шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳияи Самарқанд Умеда Амонова. – Он аз беэътиёти нохост сар мезанад, ки кас бехабар мемонад. Дар фасли сармо, ҳангоми боришот бештар вазъиятҳои фавқулодда рӯй медиҳад. Аз ин рӯ, ба қоидаҳои бехатарӣ бояд риоя намоем.