insurez
03-07-2024 20:24

Истироҳати бачаҳо пурмазмун мегузарад


Дирӯз дар истироҳатгоҳи солимгардонӣ ва фароғатии бачагонаи «Сафедӣ»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Боғи сафед»-и ноҳияи Самарқанд бо ташаббуси ҳокимият барои ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ пресс-тур ташкил гардид.
Дар чорабинӣ, ки бо мақсади омӯхтани вазъи истироҳатгоҳҳои тобистона, шарту шароити онҳо ва кайфияти бачаҳо дар ин мавсим баргузор гардид, ҷонишини ҳокими ноҳияи Самарқанд Акбар Маҳмудов, сармуҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги»-и ноҳия Тошпӯлод Юсуфов, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов бо шароитҳои фароҳамгардида ва машғулотҳои ҳамарӯзаи бачаҳо шинос шуданд.
— Ҳоло дар истироҳатгоҳи мо дар 11 гурӯҳ 380 нафар бачаҳо аз Самарқанд ва дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ истироҳат мекунанд, — гуфт роҳбари истироаҳтгоҳ О. Узоқов. — Бачагон дар давоми 12 рӯз на танҳо истироҳат, балки саломатии худро низ барқарор мекунанд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар ноҳияи Самарқанд 7 истироҳатгоҳ фаъолият дорад, ки «Сафедӣ» яке аз онҳо ба шумор меравад.
Ин истироҳатгоҳ дорои 400 кати хоб буда, дар мавсими тобистон 4 маротиба бачаҳоро қабул мекунад. Дар он пункти тиббӣ, китобхона, ошхона, майдонҳои варзишии футбол, валейбол, баскетбол, майдони теннис, шоҳмот, бассейн, ҷойҳои истироҳатӣ мавҷуданд. Инчунин, бо мақсади пурмазмун ва хотирмон гузаронидани вақти холии ҷавонон озмунҳои шеърхонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, виктаринаҳо гузаронида мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ бачаҳо бо баромадҳои фарҳангӣ, қироати шеърҳо табъи ҳозиринро шод карданд.

Н.БОБОАҲМАДОВ

Teglar
- -