НЕСТ БОД, АЛАФИ БЕГОНА!
#Анҷумани_матбуотӣ
Дар идораи рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” бо иштироки ходимони шӯъбаи карантини растаниҳои ноҳияи Самарқанд дар мавзӯи “Ҳифзи растаниҳо аз алафи бегона” анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он мудири шӯъбаи карантини растаниҳои ноҳияи Самарқанд Ҷасур Салимов дар бораи корҳои иҷрошуда маълумот дод.
Таъкид гардид, ки то моҳи март-апрел мубориза бар зидди алафҳои бегонаи 1735 га ғаллазор оғоз гардида, 1835 га (яъне, 105.8 фоиз) замини корам коркард шуд. Фермерон барои мубориза бар зидди алафҳои бегона ва нигаҳдории самаранокии хок аз усулҳои гуногун аз ҷумла, механикӣ, култиватор ва плугҳо фаъол истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев соли 2024 барои ривоҷи экспорти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ супориш дода шуд. Зери назорату ташаббуси ходимони шӯъбаи карантини растаниҳои ноҳияи Самарқанд зиёда аз 5 ҳазор тонна карам, 2 ҳазор тонна пиёз, 3 ҳазор тонна гелос ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба мамлакатҳои хориҷӣ экспорт карда шуданд. Аз ҷиҳати экспорти маҳсулоти кишоварзӣ ноҳияи Самарқанд дар миқёси Ҷумҳурият ҷои дуюм қарор дорад.
Иштирокдорон аз мутахассисон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.