insurez
21-06-2024 13:32

САХОВАТИ ЗАМИНИ ҲОСИЛХЕЗ


Дар идораи рӯзномаи “Гулобод тонги” бо иштироки ходимони Шӯрои хоҷагиҳои фермерии деҳқонӣ ва соҳибони замини зандиҳавлигӣ (томорқа)-и ноҳияи Самарқанд анҷумани матбуотӣ доир гардид.
Дар он раиси  Шӯрои хоҷагиҳои фермерии деҳқонӣ ва соҳибони замини зандиҳавлигӣ (томорқа)-и ноҳияи Самарқанд Санъат ХУРРАМОВ доир ба навигариҳои соҳа маълумот дод.
Дар ноҳия шумораи замини наздиҳавлигӣ (томарқа) 51954 торо ташкил дода, 3130 гектар майдони киштро фаро мегирад. Шумораи хоҷагиҳои фермерӣ 3287, майдони кишти онҳо ба 969 гектар баробар аст,- гуфт С.Хуррамов. – Деҳқонон ва зироаткорони заҳматписанд барои соли 2024 дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ кишти зироатҳои барвақтии баҳории кишоварзӣ тадбирҳо муайян карда, ҳоло дар айни умеди ҳосилғундорӣ ва кишти навбатӣ қарор доранд.
Аз ҷумла, дар 1443 гектар сабзавот кишт карда, 29913 тонна маҳсулот, аз ҷумла: 245 гектар помидор, 174 гектар бодиринг, 191 гектар пиёз, 176 гектар сабзӣ, 115,1 гектар карам ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Нашъу нумӯъи 47 гектар қаламфури булғорӣ, 109 гектар боимҷон, 201 гектар сабзаву кабудӣ ва 16 гектар шалғамча, 106 гектар маҳсулоти зироатӣ дар авҷ аст. Умед дорем, ки  2228 тонна зироат ҷамъ меоварем. 
Инчунин парвариши картошка, сабзӣ, зироатҳои дон аз ҷумлаи лӯбиёву нахӯд, мошу гандуму ҷав ва маккагӣ давом дорад.
Ниҳолшинонӣ яке аз суннатҳои боғдорӣ буда, барои сабзазору пурмева намудани саҳроҳо хидмат мекунад.- изҳор дошт Санъат Хуррамов. 
Иштирокдорон аз мутахасисони соҳа ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.

Teglar
- -